Задухӯрд баъди он сурат гирифт, ки кормандони пулис ба аъзои мухолифи порлумони Гурҷистон иҷозат надоданд, дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ иштирок кунанд. Бар пояи Конститутсияи Гурҷистон, вакилони порлумон метавонанд дар ҷаласаи маҷлисҳои маҳаллӣ иштирок кунанд ва онҳо "раъйи машваратӣ" доранд.
Вале масъулони маҷлиси шаҳрии Тифлис ин ҷаласаро, ки дар он масъалаи гирифтани қитъаи замини марбут ба миллиардер Бидзина Иванишвилӣ дар маркази "Майдони Озодӣ" барои бунёди меҳмонсарой баррасӣ мешуд, пӯшида эълом карда, вакилони мухолифро роҳ надоданд.
Дар натиҷаи талоши мухолифон барои вуруд ба ҷаласа миёни онҳо ва кормандони пулис задухӯрд сурат гирифта, чанд нафар бозошт шуд. Ба боздоштшудаҳо ҷарима ё чанд рӯзи зиндон таҳдид мекунад.
Маҷлиси шаҳрии Тифлис, ки бештари курсиҳои онро ҳизби ҳоким -- "Орзуи Гурҷистон" дар ихтиёр дорад, бо вуҷуди эътирози вакилони мухолиф аз тасмими гирифтани қитъаи замини миллиардер барои бунёди меҳмонсарой ҷонибдорӣ кард.