Ссылки доступа

Нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Тошканд дар 20 соли охир


Намояндагони беш аз 130 муассисаи Тоҷикистон ба Тошканд парвоз карданд. Ин намояндагон дар намоишгоҳи тиҷоративу саноатӣ, ки аз 11 то 14 октябр баргузор мешавад, маҳсулоташонро муаррифӣ мекунанд.

Расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон менависанд, дар намоишгоҳ маҳсулоти мошинсозӣ ва бахши куҳканӣ, саноати сабук ва ғизоӣ, инчунин маҳсулоти алюминӣ муаррифӣ мешавад.

Ин нахустин намоишгоҳи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон давоми солҳои истиқлол аст. Намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон низ бори аввал дар 25 соли охир рӯзҳои 17-20 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд. Дар он намоишгоҳ маҳсулоти бештар аз 160 корхонаи Ӯзбекистон ба фурӯш ва намоиш гузошта шуда буд.

Ба ҷуз ин, аз 11 то 14 октябр дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар ҳайати расмии Тоҷикистон 44 намояндаи санати тоҷик шомил ҳастанд. Ҳайати мазкурро муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов роҳбарӣ мекунад.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ дар толорҳои синамои Тошканд ду филми бадеӣ ва чанд филми ҳуҷҷатиро нишон медиҳанд. Бар илова, дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон намоиши китобҳои муаллифони тоҷик баргузор мешавад.

Маросими расмии кушодашавии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 11 октябр дар Театри калони давлатии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

XS
SM
MD
LG