Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сокини вилояти Фарғона Зоҳид Масадиқов, модари ӯ Орзу Масадиқова, ки пештар чор бор суд шудааст, ҳамроҳ бо Бахтиёр Ахмедов ҳангоми фурӯхтани 1208 қурс "Лирика" ва 1000 қурс "Трамадол" бар ивази 14 миллион сӯм ($1750) боздошт шудаанд.
Ҳангоми бозҷӯии манзили зисти Масадиқовҳо дар ноҳияи Мирободи Ӯзбекистон боз 4 ҳазор қурси "Лирика", 43 қурси "Трамадол" ва 96,9 миллион сӯме дарёфт ва мусодира шудааст, ки гумонбарон аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаанд. Ҳамчунин ду дафтари "муҳосиботи сиёҳ"-и онҳо низ пайдо шудааст.
Дар натиҷаи ин амалиёт ҷамъан 5 ҳазору 208 қурси "Лирика" ва 1 ҳазору 43 қурси "Трамадол" мусодира шудааст, ки арзиши умумияшон беш аз 80 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо хабар доданд, ки муштариёни маводи мухаддири дорухонаи "Лирика" дар миёни ҷавонони шаҳри Тошканд то рафт афзоиш меёбад.