Ссылки доступа

Ҳайати Ситоди кулли Русияро ба Амрико роҳ надоданд


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба ҳайати Ситоди кулли Русия, ки мехостанд, барои иштирок дар як ҳамоиш ба ин кишвар сафар кунанд, раводид ё худ виза надоданд.

Генералҳои рус бо шумули муовини вазири дифоъ Андрей Третяк мехостанд, ҳамроҳ бо намояндагони Чин дар ҳамоиши "Мушкили ҷойгиршавии низоми зиддимушакии ИМА" дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок кунанд.

Дар ин бора сардори Идораи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати дифои Русия Александр Емел 12 октябр дар мулоқоти намояндагони кишвараш бо ҳайати Чин дар ҳошияи нахустин кумитаи Маҷмаи умумии СММ оид ба халъи силоҳ иттилоъ дод.

Дар ин ҳамоиш чанд намояндаи Вазорати дифои Русия иштирок доштанд, вале ба ҳайати Ситоди кулли ин кишвар иҷозат дода нашуд, то вориди ИМА шаванд.

XS
SM
MD
LG