Ссылки доступа

Остона хабари Бишкекро "дар бораи дастури Назарбоев дар робита ба марз" рад кард


Маркази матбуотии сарвазири Қазоқистон иттилои Бишкек "дар бораи дастури президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар робита ба бартараф кардани монеаҳои марзӣ"-ро рад кард. Дар изҳороти ҷониби Қазоқистон омадааст, "дар воқеъ, ба ҳукумат дастур шуд, ки дар робита ба масъалаи мазкур машварати байниҳукуматӣ баргузор кунад".

Дар ин изҳорот ҳамзамон омадааст, дар доираи ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Сочии Русия президенти Қазоқистон бо сарвазири Қирғизистон гуфтугӯ накардааст. "Исҳоқов дидори кутоҳе бо роҳбари давлати мо дошт", - навишта шудааст дар изҳорот.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 11 октябр дар мулоқотҳои расмӣ дар шаҳри Сочӣ ширкат дошт. Қирғизистонро дар ин ҷаласаҳо сарвазир Сафар Исҳоқов намояндагӣ мекард. Расонаҳои расмии Қирғизистон он рӯз хабар доданд, ки Сафар Исҳоқов бо Назарбоев мулоқот ва ӯро аз вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон огоҳ кардааст. "Баъди гуфтугӯ, Назарбоев ба ҳукумати Қазоқистон дастур дод, ки масъалаи марзро ҳал кунад", - навишт Исҳоқов дар саҳифаи Фейсбук.

Маркази матбуотии сарвазири Қазоқистон мегӯяд, дар саҳифаи сарвазири Қирғизистон дар Фейсбук "иттилои носаҳеҳ" нашр шудааст.

Очереди на границе Кыргызстана и Казахстана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:09:59 0:00

XS
SM
MD
LG