Ссылки доступа

Қрими ғасбшуда дар пулҳои нави Русия нақш ёфт


Бонки марказии Русия пулҳои 200 ва 2000-рублиро муаррифӣ кард. Ин нахустин нашри пулҳои калонҳаҷм дар 10 соли охир аст.

Дар пулҳо Шарқи Дур ва Қрими ғасбшуда нақш ёфтаанд. Ба гуфтаи раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина, ба ин ду минтақа пулҳои нав дар моҳи ҷорӣ дастрас хоҳанд шуд. Гардиши сартосарии 200 ва 2000-рублӣ дар Русия моҳи декабр сурат мегирад.

Озмуни интихоби шакли пулҳои нав тобистони соли гузашта шуруъ шуда буд. Сокинони Русия пешниҳод карданд, ки рӯи пулҳо кадом макон нақш ёбад.

XS
SM
MD
LG