Ссылки доступа

Муҳоҷирони ӯзбек ба хотири билети бозгашт мехостанд, тифлашонро фурӯшанд


Дар вилояти Воронежи Русия пулис зани 29-солаеро ҳамроҳи шавҳари 39-солааш боздошт кардааст, ки мехостанд, тифли навзоди худро бар ивази 30 ҳазор рубл фурӯшанд. Боздоштшудаҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтаанд, ки бо ин пул билети бозгашт ба Ӯзбекистонро мехариданд.

"Харидорон"-и кӯдак, ки кормандони пулис буданд, 10 октябр дар кӯчаи Газова ба волидайни тифл пулро дода, забонхат гирифтаанд. Дертар ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шудаанд.

Раиси Шуъбаи тафтишотии вилояти Воронежи Русия Елена Мануковская мегӯяд, шаҳрвандони Ӯзбекистон "арзиш"-и фарзанди худро 30 ҳазор рубл муайян кардаанд. "Тифли навзод ба беморхона интиқол ёфта, зери муроқибати табибон қарор дорад. Интизор меравад, додгоҳ ҳукми ҳабси волидайни ӯро содир кунад", - афзуд ӯ.

Бино ба иттилои пешакӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон тифли худро 8 сентябри соли равон дар манзили иҷорае бидуни кӯмаки табибон таваллуд кардааст. Тифл ба далели он ки волидайнаш ақди никоҳи расмӣ надоштаанд, шаҳодатномаи таваллуд надорад.

Ҷуфти ӯзбек ба воситаи шиносҳои худ барои тифлашон "харидор" ҷустуҷӯ кардаанд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтаанд, ки муҳлати будубошашон дар Русия ба поён мерасид ва маҷбур буданд, ки ба Ӯзбекистон баргарданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, тифли худро фурӯхта, билети бозгашт харанд.

Яке аз муфаттишон мегӯяд, шавҳари зан дар мавриди фарзанди ӯ будани тифл шак доштааст ва аз ин рӯ, занро маҷбур кардааст, ки кӯдакро фурӯшад. Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Қасди фурӯхтани одам" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG