Мақомоти рус номи ин ду ҷавонро эълон накарданд ва падару модари онҳо низ то лаҳзаи охир аз кушта шудани фарзандонашон дарак надоштанд. ФСБ моҳи апрели соли равон танҳо гуфт, ки дар вилояти Владимир “ду зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ” ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кушта шуданд.
Суман Бозорова, модари Ибодулло ва Шарифхон мегӯяд, ки хабари кушта шудани писарони муҳоҷирашро баъди ним сол фаҳмиданд. Ӯ гуфт, то ин вақт мақомоти интизомӣ чанд дафъа ба дари хонаи онҳо омада, дар бораи фарзандонашон иттилоъ гирифтанд, вале ҳарфе дар бораи кушта шуданашон нагуфтанд.
Ба гуфтаи Бозорова, ҷониби Русия то ҳол далели кушта шудани писаронашро расман ба онҳо пешниҳод накардааст.
Амалиёти ФСБ дар вилояти Владимир баъди ҳамлаи маргталабона дар метрои шаҳри Санкт-Петрубрг сурат гирифт, ки 15 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Мақомоти Русия дар ин кор Акбарҷон Ҷалилов, шаҳрванди Қирғизистонро айбдор карда, барои ҳамдастӣ бо ӯ чандин муҳоҷири дигарро аз Осиёи Марказӣ боздошт намуданд.