Беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд. Ҷээнбеков дӯсти наздики президенти кунунии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шумурда мешавад. Худи Отамбоев аз пешбарии номзадияш ба давраи дувуми президентӣ ба далели он ки Конститутсияи ин кишвар иҷозат намедиҳад, худдорӣ кард.
Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот номзадро зарур аст, ки беш аз 50%-и раъйи иштирокдоронро ба даст орад. Аз рақиби асосии Ҷээнбеков -- раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Республика - Ота Журт" Омурбек Бабанов 564 ҳазор одам ё 33,3%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 72% аз Ҷээнбеков ва дар вилояти Талас, дар шимоли ин кишвар 85% аз Бабанов ҳимоят кардаанд.
Раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров бо касби 108 овоз (ҳудуди 6,3%) дар мақоми севум ва раҳбари Ҳизби "Оқ-Шумқор" Темир Сариев бо 42,7 ҳазор овоз дар мақоми чорум қарор доранд.
Ба ҷонибдорӣ аз Таалатбек Масадиқов, ки ҷойи панҷумро касб кардааст, 10,5 ҳазор одам раъй додаанд.
Дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон ҷамъан 11 номзад, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ рақобат карданд.
(Ҷээнбеков: тамоми талошамро мекунам, то ба боварии мардум сазовор бошам - видео)