Расонаҳо бо истинод ба иттилоияи кумита хабар додаанд, ки зидди Дутбоев, бародари хурдиаш Рустамбек ва як нафари дигар бо номи Оринбасар Калкабеков бо айби "дуздии дороиҳои маркази "Казимпекс"-и КДАМ" ва хусусигардонии амвол парванда боз шудааст.
Додгоҳи шаҳри Остона 28 сентябри соли равон ҳукми ҳабси Дутбоеви хурдӣ ва Калкабоевро содир кард. Бино ба хабари КДАМ Қазоқистон тафтиши парвандаи онҳо 10 октябр ба поён расидааст.
Додгоҳи низоми Акмолин 11 сентябри имсол Дутбоеви калониро бо ҷурми ифшои сирри давлатӣ ва берун баромадан аз ваколати хидматӣ 7,5 сол зиндонӣ ва як умр аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ маҳрум кард. Дутбоев аз ин ҳукм розӣ нест ва ба Додгоҳи низомии шаҳрии Остона шикоят бурдааст, ки баррасияш 11 октябр оғоз шуд.
Ҳамсари Нортой Холида Бичурина 4 октябри соли равон дар Фейсбук ва YouTube муроҷиатномаи видеоии худро ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нашр кард. Вай гуфт, масъулони КДАМ Қазоқистон ҳамсари ӯро маҷбур кардаанд, то ба хотири наҷоти домод ва ҷиянаш як қисми ҷиноятҳоеро, ки анҷом надодааст, ба гардан гирад.