Ин изҳорот баъди он садо дод, ки ҳафтаи ҷорӣ расонаҳо дар бораи парвози Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо ҳавопаймои мазкур ба шаҳри Сочии Русия хабар доданд. Пештар аз ин Мирзиёев бо он ба ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА низ парвоз карда буд.
"Ҳукумати Ӯзбекистон ба Ширкати миллии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дастур дод, ки барои парвозҳои дури президент ҳавопаймои иҷора ҷустуҷӯ кунад. Аз нигоҳи комфорт, амният ва омодагии техникӣ ҳавопаймои Airbus 340 M-IABU, ки ба ширкати GlobalJet мутааллиқ аст, мувофиқ мебошад", - омадааст дар хабари "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ".
Бино бар иттилои FlightRadar24, дар як соли охир ҳавопаймои Алишер Усмонов ҳадди ақал 12 маротиба дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нишастааст. Нишасти нахустинро рӯзи 3 сентябри соли 2016, дар рӯзи марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов анҷом додаанд.
Ҳавопаймои Airbus A340-313 яке аз ҳавопаймоҳои шахсии гаронарзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, 350 миллион доллар арзиш дорад. Ин ҳавопаймо ба ифтихори падари Алишер - "Бурҳон" номгузорӣ шудааст.