Ӯ дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфт, Трамп ба вай дастури мушаххас дод, ки ба кори дипломатияш дар робита ба Куриёи Шимолӣ идома диҳад. "Гуфтугӯҳои дипломатӣ то партоби нахустин бомба идома меёбанд", - иқтибос овард Тиллерсон аз гуфтугӯяш бо Трамп.
Пештар президенти ИМА талошҳои Тиллерсонро барои гуфтугӯ бо раҳбарияти Куриёи Шимолӣ беҳуда номид. "Кӯшиши гуфтушуниди котиби давлатии мо бо "одам-мушаки хурд" сарфи беҳудаи вақт аст", - навишт Трамп дар Твиттер бо додани чунин лақаб ба раҳбари Пхенян Ким Чен Ин .
Моҳҳои ахир муносибати ИМА бо Пхенян бадтар шудааст. Трамп борҳо ба Куриёи Шимолӣ таҳдид кард, ки агар аз барномаҳои ҳастаӣ ва озмоиши мушакҳои болдораш даст накашад, оқибатҳои ногувореро мунтазир бошад.