Ҷорӣ кардани назорати иловагӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қазоқистон хилофи талаботи асосӣ ва ҳадафҳои Созишномаи ИИАО аст ва расидан ба ҳадафҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Зеро, Қазоқистон гардиши озодонаи молро монеъ мешавад ва ба ин тартиб яке аз талаботи асосии бозори ягонаи ИИАО-ро вайрон мекунад.
Дар робита ба ин вазорати иқтисоди Қирғизистон ба унвонии раиси Коллегияи ИИАО Тигран Саркисян нома фиристода, хостааст, ки Қазоқистонро ба иҷрои талаботи Созишномаи ИИАО огоҳ ва ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии Коллегияи иттиҳод баррасӣ кунад.
Бино бар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, то сар задани мушкил дар марзи Қирғизистону Қазоқистон, аз гузаргоҳҳои марзии асосӣ ҳамарӯза ҳудуди 8 ҳазор одам ва бештар аз 650 мошин убур мекард. Сар аз 10 октябр убури одамон ба ҳисоби миёна ба 3,5 ҳазор ва убури мошинҳо ба 350 адад расидааст.