Ба иттилои нашрияи The Economic Times, Ҳиндустон дар робита ба харидории уран барои истгоҳҳои барқии ҳастаии худ бо ҷониби Ӯзбекистон гуфтугӯ дорад.
"Ӯзбекистон, ки аз нигоҳи ҳаҷми содироти уран дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми ҳафтум аст, барои Ҳиндустон дар иҷрои нақшаи захираи стратегии уран яке аз бозигарони калидӣ хоҳад буд. Ню-Делӣ талош дорад, ки сӯзишвории 5-солаи истгоҳҳои худро захира кунад", - навиштааст ин нашрияи Ҳиндустон.
Як манбаи огаҳ аз муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон гуфт, "маҳз дар ин мулоқот президент Мирзиёев тасмим гирифт, робитаҳои ду кишварро ба сатҳи нав расонад. Вохӯрии Остона дар муносибатҳои ду кишвар таҳаввулотеро ба вуҷуд овард. Ӯзбекистон мехоҳад, ки Ҳиндустон бештар сармоягузорӣ кунад".
Ба гуфтаи ӯ, уран маҳсулоти хоми стратегӣ аст ва вақте як кишвар онро ба шарики худ содир мекунад, ин нишонаи эътимоду боварӣ аст. Ҳайати Ӯзбекистон моҳи августи соли равон ба Ҳиндустон сафар кард, то ин масъаларо муфассал баррасӣ кунад.