Вай рӯзи панҷшанбе ҳангоми суханронӣ дар як ҳамоиши Институти Ҷорҷ Уокер Буш гуфт, "агар давлат дар интихоботи кишвари дигар дахолат кунад, ин маънои ҷангро дорад". Ба гуфтаи Ҳейлӣ, ҳадафи амалҳои Русия дар ҷараёни интихоботи ИМА эҷоди бесарусомонӣ буд.
Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран назари хадамоти иктишофии Амрикоро зери суол қарор дод, ки гуфтанд, Русия соли 2016 дар интихоботи президентии ин кишвар дахолат кардааст.
Мақомоти Амрико дар бораи созиши эҳтимолии намояндагони Русия бо масъулони ситоди интихоботии Трамп дар давраи интихобот санҷиш мегузаронанд.