Ба гуфтаи президенти Русия, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои дигари Ғарб якдилона ҷонибдорони истиқлоли Каталонияро маҳкум карданд, вале бе гуфтугӯ аз ҷудо шудани Косово ҳимоят намуданд. "Ин гуна стандартҳои дугона хатари ҷиддиеро барои рушди устувори Аврупо хоҳад дошт", - афзуд Путин. Ӯ изҳор дошт, ки Русия вазъ дар Каталонияро кори дохилии Испания медонад.
Путин гуфт, СММ бояд маркази низоми байналмилалӣ бимонад. Ба назари вай, ин созмон ба ислоҳоти тадриҷӣ ниёз дорад. Президенти Русия қайд кард, ки аҳамияти илмиву техникии рушди кишварҳо дар сиёсатгузории ҷаҳонӣ танҳо дар баробари омили геополитикӣ, андозаи қаламрави кишварҳо ва ғайра афзоиш хоҳад ёфт.
Вай дар посух ба суоли баранда Федор Лукянов дар иртибот ба назми навини технологӣ ва "арзишҳои бунёдии абадӣ" - ҳудуд ва демография аз Тора иқтибос овард. "Дар Тора тасодуфан навишта нашудааст, ки даст кашидан аз ҳудуд гуноҳи бузург аст", - изҳор дошт Путин.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки "Путин барои як суханронии хеле муҳиму ҷолиб дар форуми "Валдай" омодагӣ мебинад".