Бино бар иттилои вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, хонаҳои хидматӣ ва мошинҳо ба нозирон дар асоси фармони президент аз 20 апрели соли ҷорӣ, тақдим мешавад.
Дар фармон омадааст, ки мақомоти маҳаллӣ барои таъмини нозирон бо мошин ва хона фонди манзил таъсис диҳанд.
Маркази матбуотии ВКД Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки то охири соли ҷорӣ дар маҷмуъ 537 нозир бо хонаҳои хидматӣ таъмин хоҳанд шуд.
Моҳи июли имсол муовини сардори пулиси Тошканд Дониёр Тошхоҷаев дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ибтидои сол дар пойтахти Ӯзбекистон наздики 400 ҳолати ташкили фоҳишахонаҳо ошкор ва аз ин адад "шумори камаш" ба фоида давлат мусодира шудааст.