Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон роҳбарони ширкати "Умед 88" боздошт шуданд


Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти раҳбарони ширкати "Умед-88"-ро шарҳ дод. Раҳбарони ин ширкат дар пайи интиқоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуданд, ки гуфт, ин ширкат даҳҳо миллион сомонӣ маблағҳои будҷаро, бозпас надодааст.

Ин ниҳод рӯзи 23-юми октябр бо нашри як иттилоия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир зидди раҳбарони "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Иброҳимов ва чанд нафари дигар аз масъулони ин ширкат, бар пояи се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда боз шудааст. Ин афрод ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.

Бар пояи ин иттилоия, "баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06 апрели соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Умед-88" - ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15 майи соли 2015 ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сўзишвории дизелӣ ба маблағи 171 миллион сомонӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2015 қарз дода шудааст".

XS
SM
MD
LG