"Баъди фурӯрезӣ бояд бино комилан тахриб карда шавад. Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ қатъ шудаанд. Баъди пажӯҳиш бино тахриб мешавад", - гуфт вай.
Мелис Абдиев афзуд, ширкати "Авангард стил" мумкин аст, ба далели риоя накардани қоидаҳои сохтмон дар ҳаҷми аз 100 то 200 ҳазор сом (муодили мутаносибан 13 ва 26 ҳазор сомонӣ) ҷарима шавад.
23 октябр дар як бинои навсохти шаҳри Бишкеки Қирғизистон қабати дувуми он фурӯ рехт. Дар натиҷа 13 одам бо ҷароҳатҳои мухталиф бистарӣ шуданд. Баъди ташхиси тиббӣ 11 тани онҳо рухсат ёфтанд.