Ссылки доступа

Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88" идома дорад


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби ширкати “Умед 88”-ро ҳамроҳ бо се роҳбари нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат боздошт кардааст.

Пештар хадамоти матбуотии оҷонсӣ хабар дода буд, ки раҳбари ширкат Раҷабалӣ Одинаев ва муовини ӯ Идибек Иброҳимов бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани қарз, саркашӣ аз пардохти андоз, қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷат боздошт шудаанд.

“Гуруҳи тафтишотӣ ба хулосае омад, ки то анҷоми тафтишот сармуҳосиб Набиҷон Мирзоев дар боздошт бимонад", - гуфт як манбаъ дар Оҷонсии зиддифасод.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, роҳбарони нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Умед 88” ба он хотир боздошт шуданд, ки номашон дар қарзҳои гирифтаи ширкат аз бонкҳо ҳамчун кафолатдиҳанда гузаштааст.

Ин манбаъ афзуд, тафтиши ширкати “Умед 88” идома дорад ва эҳтимолан теъдоди боздоштшудаҳо низ афзоиш ёбад. Баъди боздошти роҳбаронаш, ширкати “Умед 88” дар ростои муфлисшавӣ қарор гирифтааст ва кормандони он низ мегӯянд, моҳҳо аст, маош намегиранд.

Одинаев баъди интиқоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуд. Раҳмон 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷии кишвар аз ширкати “Умед-88” интиқод кард, ки 170 миллион сомонии буҷаро барнагардондааст.

Ширкати “Умед-88” соли 1996 таъсис шуда, аз Қазоқистон, Русия ва Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид мекунад. То моҳҳои ахир ҳудуди 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкат дар кишвар фаъолият доштанд.

XS
SM
MD
LG