"Парвандаи Жанара Аҳмад ангезаи сиёсӣ дорад. Конвенсияи мақоми паноҳандагӣ ва Конвенсияи Аврупо дар бораи додани ҳаққи паноҳандагӣ истирдоди шахсро ба ватан дар сурати хусусияти сиёсӣ доштани айбномааш манъ мекунад", - гуфта шудааст дар изҳорот.
"Муколамаи боз" аз Порлумони Иттиҳоди Аврупо, СММ ва ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ хостааст, ки ба мақомоти Украина фишор оранд, то ҳамкориро бо низомҳои худкома дар робита ба таъқиби дигарандешон қатъ кунанд.
Жанара Аҳмад, ки бо матлабҳои интиқодияш дар бораи мақомоти Қазоқистон маъруф аст, 21 октябр дар вилояти Киеви Украина боздошт шуд. Додгоҳи ноҳиявии Киев-Святошин 24 октябр блогерро 18 шабонарӯз ҳабс кард.
Вакили дифои Жанара Аҳмад Владислав Гришенко дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, шахси зери ҳимояаш баъди ҳукми додгоҳ гуруснанишинӣ эълом кард. Онҳо тасмим доранд аз болои қарор ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.
Худи блогер гуфт, моҳи марти соли равон барои он аз Қазоқистон фирор кард, ки мақомот бо ангезаҳои сиёсӣ таъқибаш мекарданд.