"Моҳи июли соли 2012 таҳқиқ нисбати шаш нафар шуруъ шуд, ки яке аз онҳо Гулнора Каримова аст. Ин афрод дар пулшӯӣ ва фасодкорӣ айбдор мешаванд. Додситонии федеролии Швейтсария ҳоло миқдори 800 миллион франк (наздики 784 ҳазор доллари ИМА)-ро дар ҳабс нигаҳ медорад", - хабар медиҳад маркази матбуотии додситонии Швейтсария.
Оливе Лонгшан, коршинос дар умури андозситонӣ ва амнияти молии миллӣ аз созмони мустақили "Эъломияи Берн" мегӯяд, парвандаи Гулнора Каримова яке аз печидатарин парванда дар таҷрибаи ҳуқуқшиносии байналхалқист.
"Ҳаҷми умумии дороиҳои ҳабсшуда бештар аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Сониян, ин парвандаро ҳуқуқшиносони 19 кишвар баррасӣ мекунанд. Дар ин ҳолат баҳс миёни ин кишварҳо ҳатман сурат мегирад", - мегӯяд Оливе Лонгшан.
Аз ин рӯ, додситонии Швейтсария талош дорад, ки парвандаро ҳарчӣ зудтар ба додгоҳ ирсол кунад.
Расонаҳо менависанд, даъвогарони асосии дороиҳои Гулнора Каримова Ӯзбекистон, ИМА ва Ҳолланд ҳастанд. Тошканд талаб дорад, ки ин пулҳо ба Ӯзбекистон баргардонида шаванд. Ба даъвои Ӯзбекистон, ин пулҳо аз Тошканд дуздида шудаанд. ИМА низ ба ин пулҳо даъво дорад. Ба гуфтаи ҷониби ИМА, дороиҳои Гулнора бо доллари ИМА ва низоми бонкии амрикоӣ муомила шудаанд. Ҳолланд дар навбати худ мегӯяд, бояд ин пулҳо ба кишвари вай баргардонида шаванд, зеро дороиҳои Гулнора аз ҳисоби пораҳое ҷамъ шудаанд, ки ширкати мобилии ҳолландӣ додааст.