Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон паёмакрасони худӣ - "Uzphone"-ро таъсис доданд


Ширкати "Ӯзбектелеком" тасмим дорад, рӯзҳои наздик паёмакрасони Uzphone-ро фаъол кунад, ки ба гуфтаи таҳиягарони барнома, гузинаи маҳаллии Telegram, Skype, Viber ва WhatsApp хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳо, паёмакрасон феълан дар ҳоли санҷиш буда, алакай бо он мешавад, паём фиристод ё занг зад. "Барнома дар ҳоли ҳозир, барои ом дастрас нест. Тасмим дорем, онро соли оянда расман муаррифӣ кунем", - гуфт мудири бахши "Ӯзбектелеком" Марат Фаттоҳов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон мехоҳад, бо таҳияи Uzphone як бахши даромади ширкатҳои хориҷиро дар ин кишвар худ ба даст биорад ва ҳамчунин ба корбарони маҳаллӣ барномаеро пешниҳод кунад, ки монанди паёмакрасонҳои хориҷӣ интернети зиёд сарф намекунад.

Дар оянда, тақрибан як сол баъд, барномаро ба кори телевизионҳои ҳушманд ва дурбинҳои назоратӣ низ ҳамроҳ хоҳанд кард. Тавонмандии техникии ширкат иҷозат медиҳад, то ба як миллион нафар хидмат расонида шавад.

Дар Ӯзбекистон пештар низ гузинаи маҳаллии шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "Facebook" роҳандозӣ шуданд, вале миёни ӯзбекистониҳо чандон маҳбубият пайдо накарданд.

XS
SM
MD
LG