Ссылки доступа

Муносибатҳои Тошканду Остона дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ мешаванд


Дар шаҳри Тошканд имрӯз, 31 октябр конфронси байналмилалии "Ӯзбекистон-Қазоқистон: 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ" баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин ҳамоишро Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон ва Маркази таҳқиқоти стратегии Қазоқистон баргузор хоҳанд кард.

Дар конфронс раҳбарони ду марказ, намояндагони баландпояи вазорат ва ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон, раҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои хориҷӣ дар Тошканд иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамоиш қарор аст, дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дар бахши сиёсат, иқтисод, ҳамлу нақл ва ҳамчунин нақши робитаҳои фарҳангиву башарӣ дар тақвияти муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шаванд.

Ёдрас мешавем, дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ӯзбекистон дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон Изҳороти муштараки раҳбарони ду кишвар қабул шуда буд.

Дар яке аз бандҳои ин санад қайд шудааст, ки раҳбарони ду давлат бо мақсади ҷашн гирифтани 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба ниҳодҳои дахлдори худ дастур додаанд, то бахшида ба ин сана чорабиниҳоеро дар сатҳи баланд баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG