Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон: аксари мошинҳои дар марз дармонда аз соҳибкорони қазоқ ҳастанд


Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи 30 октябри ҳукуматаш гуфт, ки "аз вазъи кунунӣ соҳибкорони Қазоқистон, Қирғизистон ва кишварҳои севум зарар мебинанд".

Ба гуфтаи вай, "бино бар таҳлилҳо муайян шуд, ки аксари мошинҳои борбари дар марз дармонда аз соҳибкорони Қазоқистон ҳастанд".

Дар ҳамин ҳол Сафар Исҳоқов гуфт, сарфи назар аз вазъи кунунӣ, мардуми Қирғизистону Қазоқистон ҳамеша бародар боқӣ хоҳанд монд. "Қирғизистон кишвари мустақил аст. Ҳеч таҳриме боис намешавад, ки сиёсати давлат тағйир ёбад", - гуфт Исҳоқов.

Бино бар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир дар гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек" 460 ва дар гузаргоҳҳои "Чон капка" ва "Чалдовар" мутаносибан 90 ва 16 мошини борбар навбатпоӣ мекунанд.

Сафар Исҳоқов афзуд, дар чунин вазъият ҳукумати кишвар бояд ба истеҳсолкунандагон, боркашонҳо ва соҳибкороне, ки мошинҳояшон дар марз банд мондаанд, ҳадди аксари кумакро расонад.

XS
SM
MD
LG