Ссылки доступа

Бишкек ба осебдидагони моҷаро бо Остона имтиёз дод


Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов 30 октябр гуфт, ҳукумати ин кишвар барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар натиҷаи баҳси марзӣ бо Қазоқистон осеб мебинанд, қарореро ба имзо расонд.

Бар пояи ин қарор, ба соҳибкорон ва боркашҳои Қирғизистон, ки аз вазъи ахир дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон зарар мебинанд, иҷозат дода мешавад, то қарзи андози худро дертар пардохт кунанд ва барои ин ҷарима нахоҳанд шуд.

Қирғизистон дар навбатпоиҳои тӯлонӣ ва бандшавии мошинҳо дар марз ҷониби Қазоқистонро айбдор мекунад. Ин ҳолат дар марзи ду кишвар замоне ба миён омад, ки Остона аз 10 октябр, баъди интиқоди президенти Қирғизистон аз ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев низоми санҷишро сахттар кард.

Мансабдорони қазоқ ангезаи сиёсӣ доштани ин иқдомро рад мекунанд. Баҳси марзӣ миёни ин ду кишвар дар ҳоле сар задааст, ки ҳарду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳастанд. Ба узвияти ИИАО Русия, Белорус ва Арманистон низ шомиланд.

Очереди на границе Казахстана с Кыргызстаном
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:46 0:00

XS
SM
MD
LG