Ба дунболи он ки роҳбари пешини ситоди интихоботии президенти ИМА Пол Манафорт худро ба мақомот таслим кард, мушовири пешини маъракаи интихоботии Доналд Трамп - Ҷорҷ Пападопулос низ худро дар "додани шоҳидии бардурӯғ дар робита ба алоқааш бо Кремл, айбдор донист", менависад нашрияи The Guardian. Ҷорҷ Пападопулос гуфт, ки вай ба муфаттишони Идораи пажуҳишии федеролӣ нишондоди бардурӯғ дода, моддаи 18 Кодекси 1001-и ИМА-ро вайрон кардааст.
Мушовири пешини маъракаи интихоботии Трамп баҳори соли гузашта бо миёнаравии як профессор, ки нашрияи Washington Post аз ӯ Ҷозеф Мифсуда ном мебарад, бо як зодаи Русия мулоқот кардааст. Он зодаи Русия худро "ҷияни Владимир Путин" муаррифӣ кардааст. Ба гуфтаи Пападопулос, профессор ба вай гуфтааст, ки Русия дар бораи Ҳилларӣ Клинтон маълумоти "ифлос"-е дорад - "ҳазорон мактуби электронӣ", менависад Guardian. Ҷорҷ Пападопулос севумин мансабдор аст, ки нисбаташон дар доираи пажӯҳиши парвандаи "ҳамоҳангии эҳтимолӣ миёни Русия ва маъракаи интихоботии Доналд Трамп" айб эълон мешавад.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон "қонуни баҳсбарангези мубориза бо терроризм"-ро имзо кард. Ин қонун рӯзи чаҳоршанбе баробари ба поён расидани режими вазъи фавқулода ба ҳукми иҷро медарояд, менависад Frankfurter Rundschau. Режими вазъи фавқулода дар Фаронса 1 ноябр ба поён мерасад. "Ин қонун ба мо имкон медиҳад, ки дар оянда амнияти шаҳрвандонамонро таъмин кунем", мегӯяд президенти Фаронса. Дар ин кишвар вазъи фавқулода қариб ду сол - аз 13 ноябри соли 2015 ба ин тараф - амал мекунад. Президенти вақти Фаронса Франсуа Олланд баъди терактҳои 13 ноябри соли 2015 вазъи фавқулода эълон кард.
New York Times бо нашри як матлаб зери унвони “Чӣ гуна раҳбарони Apple ва Facebook бо Си Ҷинпин, ки ислоҳоти сартосариро ваъда медиҳад, вохӯрданд” навиштааст, ки раҳбари Чин бо пайравӣ аз президенти ИМА Доналд Трамп соҳибкорони бонуфузи ин кишвар ва Амрикоро ба Пекин даъват кард. Си Ҷинпин дар ҳузури раҳбари ширкати Apple Тим Кук, раҳбари Blackstone Group Стивен Швартсман, бунёдгузори Фейсбук Марк Сукерберг дар бораи ҷаҳонишавӣ, навоварӣ ва робитаҳои иқтисодии ИМА бо Чин суҳбат кардааст. Ин мулоқот нахустин баромади оммавии Си Ҷинпин дар назди меҳмонҳои хориҷӣ баъди ворид шудани ному дидгоҳҳояш ба Оинномаи Ҳизби коммунистии Чин аст. Ӯ дар зинда буданаш бо ду раҳбари пешини Чин -- Дзян Дзэмиин ва Ху Ҷинтао монанд карда шуд. New York Times менависад, ки ин мулоқоти раҳбари Чин бо соҳибкорони дохиливу хориҷӣ як ҳафта пеш аз сафари президенти ИМА Доналд Трамп ба Чин баргузор шуда, “ишорае ба мақоми Чин ҳамчун абарқудрати бузургтари иқтисодӣ дар муқоиса бо Амрико мебошад”.
Баъди таъсиси парвандаи ҷиноӣ зидди роҳбарони истиқлолхоҳи Каталония, аз сӯи мақомоти Испания, роҳбари Каталония Карлес Пучдемон ва панҷ мансабдори баландмақом минтақаро тарк карданд, хабар медиҳад Еl Pais. Пучдемон ва вазирони пешин ибтидо бо мошин ба Марсел ва аз онҷо ба Брюссел парвоз карданд. Аксари сокинони Каталония, ки ба ҷонибдорӣ аз истиқлоли минтақа раъй дода буданд, бар ин назаранд, ки "Карлес Пучдемон нахост, дар баробари Мадрид истодагӣ кунад", менависад Washington Post. Сиёсатмадорони дигари Каталония, ба навиштаи расона, баъди фирори Пучдемон бо нақшаи Мадрид дар бораи баргузории раъйпурсии нав дар таърихи 21 декабр, розиянд.