Ссылки доступа

Писари вазири умури дохилии Украина бо гумони дуздӣ боздошт шуд (видео)


Бюрои зиддифасоди Украина писари вазири умури дохилии ин кишвар Александр Аваковро бо гумони дуздии буҷаи Горди миллӣ боздошт кард. Муовини пешини вазири умури дохилии Украина Сергей Чеботар низ дастгир шудааст.

Мақомоти Украина пештар хабар доданд, ки маҳалли зисти гумонбареро кофтукоб доранд. Дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо аз раванди ҷустуҷӯи манзили зисти писари вазири умури дохилии Украина нашр шуд.

ВКД Украина ибтидои соли 2015 барои Горди миллии ин кишвар шаш ҳазор кулбор ё рюкзак харид. Ширкати "Днипровенд" дар тендер пирӯз шуда, бояд 5 ҳазор рюкзакро ба маблағи наздик ба саддолларӣ дастрас мекард.

Бино ба маълумоти додгоҳ, ширкат ҳамаи кулборҳоро ба артиши Украина дастрас накардааст. Муфаттишон мегӯянд, эҳтимол дорад, мансабдорони ВКД Украина тибқи маслиҳати пешакӣ бо "Днипровенд" қарордоди сохта бастаанд ва ширкат ҳам ҳеч гуна кулбор надӯхтааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, писар ва муовини пешини вазири умури дохилии Украина дар ин қазия даст доранд. Навори суҳбати онҳо ҳанӯз моҳи феврали соли 2016 дар Интернет нашр шуда буд.

Дар Вазорати умури дохилии Украина гуфтанд, ки раванди харидории рюкзакҳо барои амалиётҳои зиддитеррористӣ одилона ва шаффоф буд.

XS
SM
MD
LG