Ссылки доступа

Қирғизистон иҷозаи вуруд ба минтақаҳои марзияшро осонтар кард


Ҳукумати Қирғизистон муҳлати дарёфти иҷозатномаи вуруд ва будубош дар минтақаҳои марзиро барои шаҳрвандон кам кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, сарвазир Сафар Исҳоқов бо имзои қароре раванди дарёфти иҷозатномаи вуруд ва будубош дар минтақаҳои марзиро барои сокинон ва созмонҳое, ки бо фаъолиятҳои иқтисодӣ ва ғайра машғуланд, соддатар гардонид.

Бар пояи ин қарор, муҳлати дарёфти иҷозатномаи мазкур аз 9 то ба 3 рӯзи корӣ аз замони муроҷиат ва ироаи асноди лозимӣ кам карда шудааст.

Дар матни қарор зикр шуда, ки раванди ҳамоҳанг кардани вуруди шаҳрвандон ба минтақаҳои марзӣ бо мақомоти амнияти миллӣ набояд аз як рӯз бештар идома ёбад ва ҳамчунин мақомоти сабти аснод бояд дар давоми як рӯзи корӣ тасмим гиранд, ки иҷозатнома медиҳанд, ё не.

Шаҳрвандон бояд иҷозатнома ва нусхаи онро ба ниҳодҳои марзбонӣ, аз ҷумла наздиктарин қисми сарҳадбонон нишон диҳанд.

XS
SM
MD
LG