Ссылки доступа

Ӯзбекистон омодааст, дар пажӯҳиши теракти Ню-Йорк ба ИМА кумак расонад (видео)


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дар робита ба теракти Ню-Йорк изҳори ҳамдардӣ кардааст. Матни пурраи номаи Мирзиёевро сомонаи вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нашр кард.

"Мо бо мардуми ИМА ҳамдард ҳастем. Аз шумо мехоҳам, ҳамдардии моро ба наздикон ва пайвандони қурбоншудаҳо бирасонед", - омадааст дар матн.

Президент Шавкат Мирзиёев бо маҳкум кардани терроризму тундгароӣ, ба Доналд Трамп паём додааст, ки Ӯзбекистон омадааст, дар пажӯҳиши теракти мазкур ҳамаҷониба кумак расонад.

31 октябр дар Ню-Йорк, дар шарқи Манхэттен мошини борбар рӯи роҳи пиёдагардон баромад. Дар натиҷа 8 одам кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуд. Мақомоти ИМА пажӯҳишро шуруъ кардаанд.

Ҳамлагар маҷруҳ ва боздошт шуд. Вай шаҳрванди 29-солаи Ӯзбекистон Сайфулло Саипов аст. Дар ҳоли ҳозир Саипов дар бемористон бистарист. Расонаҳо менависанд, дар Тошканд волидон ва хоҳари 17-солаи Саипов бозпурсӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Саиповҳо аз дин дур буда, ба тиҷорат машғуланд. Сайфулло Саипов пеш аз муҳоҷираташ ба ИМА дар соли 2010, дар ноҳияи Шайхантаури Ӯзбекистон истиқомат мекард. Модари Саипов аз декабри соли 2016 то феврали 2017 ҳамроҳи писараш дар ИМА буд.

XS
SM
MD
LG