Ссылки доступа

Талоши Остона барои дастрасӣ ба маълумоти шахсии корбарон


Остона мехоҳад, бо маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳои хориҷӣ гуфтугӯро дар робита ба ҳифзи маълумотҳо дар Қазоқистон оғоз кунад. Тибқи лоиҳаи "нақшаи тадбирҳо барои иҷрои консепсияи амнияти киберӣ то соли 2022", ҳадафи гуфтугӯҳо дар бораи ҷойгиркунии серверҳо дар Қазоқистон дастёбӣ ба маълумот дар бораи коргарони қазоқ аст.

Санади мазкур дар сомонаи вазорати дифоъ ва саноати ҳавонавардии Қазоқистон нашр шуда, ба рӯйхати ниҳодҳои иҷроия вазорати иттилооту коммуникатсия ва як қатор ниҳодҳои қудратии ин кишвар низ шомил гаштаанд. Қарор аст, гуфтугӯҳо соли оянда анҷом шаванд.

Ин нақша ҳамчунин таҳияи "рӯйхати ягонаи барномаҳо ва маҳсулоти саноати электронии боэътимод"-ро ҳам пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин тибқи он, ба тадриҷ аз барномаҳои хориҷӣ барои амнияти иттилоотӣ даст кашида хоҳад шуд.

Ин чораҳо дар пасманзари таҳияи маҷмуи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ВАО-и Қазоқистон андешида мешаванд. Мақомоти қазоқ дар лоиҳаи нав пешниҳод доранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳои маъруфи мобилӣ, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram ҳамчун расона дониста шаванд.

Москва соли 2015 ширкатҳоро вазифадор кард, ки маълумоти шахсии корбарони русро дар ҳудуди Русия ҳифз кунанд. Соли 2016 бузургтарин шабакаи иҷтимоии хориҷӣ LinkedIn баъди "нақз"-и қонун "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии сокинони Русия" баста шуд.

XS
SM
MD
LG