Ссылки доступа

Дар ҳолномаи расмии Ислом Каримов як фарзанди дигар зам шуд


"Вай се фарзанд ва шаш набера дошт, ки суҳбат бо онҳо барояш мояи хурсандӣ буд. Ҳамсари вай - Татяна Акбаровна дӯсти воқеӣ, ёрдамчӣ, ҳамандеш буда, бо Ислом Каримов 47 сол зиндагии муштарак дошт".

Ин иттилоъ дар ҳолномаи Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон навишта шудааст. Ҳолномаи Каримовро сомонаи маҷмааи илмиву таълимии ба номи Ислом Каримов нашр кард.

Пештар дар бораи фарзанди севуми Ислом Каримов дар сарчашмаҳо хабар дода намешуд. Барои мисол дар ҳолномаи Каримов дар сомонаи Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Ӯзбекистон омадааст:

"Оиладор, соҳиби ду духтар ва чаҳор набера. Ҳамсараш Т.А.Каримова соҳиби ихтисоси иқтисодиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар айни ҳол нафақахӯр".

Расонаҳо дар бораи фарзанди севуми Ислом Каримов менависанд: "Ба иттилои Википедия, Каримов бори аввал дар солҳои 60-ум оиладор шуд. Аз никоҳ бо Наталия Кучма вай як писар дорад. Писари вай - Каримов Петр Исломович соли 1969 таваллуд шудааст. Ҳамсари аввали Ислом Каримов Наталя Кучма соли 2008 дар шаҳри Тошканд вафот кард. Дар ҳоли ҳозир Петр Каримов дар вилояти Москва зидагӣ мекунад".

Аммо дар ҳолномаи расмии Ислом Каримов дар бораи никоҳи аввал ва писараш чизе гуфта нашудааст. Каримов баъдтар бо Татяна хонадор шуд. Аз ин никоҳ онҳо соҳиби ду духтар - Гулномар Каримова (1972) ва Лола Каримова (1978) шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, Петр Каримов дар бонки "Азия-Инвест Банк" ба ҳайси муовини раис фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG