Хабар дода мешавад, ки бар асоси қонунгузорӣ дар сурати ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ, салоҳияти вакили порлумон қатъ мешавад.
Сарфи назар аз муроҷиати вакилони дифои Текебоев дар бораи манъи ҷараёни бекор кардани салоҳиятҳои раиси ҷиноҳи "Ота Макон", комисияи интихоботӣ қарорашро эълон кард. Вакилони дифои Текебоев гуфтанд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурдаанд ва эҳтимол дорад, ки ҳукми зерҳимояашон бозбинӣ шавад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 16 август Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби вай Дуйшенқул Чотоновро дар гирифтани 1 миллион доллари пора дар доираи парвандаи ширкати "Мегаком" айбдор дониста, бо мусодираи амвол 8 солӣ зиндонӣ кард. 2 октбяр додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори додгоҳи Якуми майро бе тағйир боқӣ гузошт.
Зиндониҳо парвандаашонро сиёсӣ меноманд. Омурбек Текебоев раиси ҳизби "Ота Макон" ва вакили порлумони Қирғизистон аст.