Ссылки доступа

Трамп ба қатли иҷрогари теракти Ню-Йорк даъват кард


Додситонҳои амрикоӣ муҳоҷири ӯзбекистонӣ Сайфулло Саиповро дар терроризм айбдор карданд. Вай бо мошини борбар дар шаҳри Ню-Йорк ҳашт одамро кушт. Додситонҳо бар ин назаранд, ки гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ӯро ба ин амал ташвиқ кардааст.

Додситонҳо дар додгоҳ гуфтанд, Саипов хостааст, парчами "Давлати исломӣ"-ро дар утоқи вай дар бемористон овезон кунанд. Саиповро баъди маҷруҳ шудан дар беморхона бистарӣ карданд. Ба гуфтаи додситонҳо, Саипови 29-сола гуфтааст, "аз кардааш қонеъ аст".

Саиповро бо дасту пои баста дар додгоҳ ҳозир карданд. Вай дар додгоҳ тавассути тарҷумон ба суолҳо посух дод. Айбе, ки нисбати вай эълон шуд, ҳукми қатлро талаб мекунад.

Додситонҳо гуфтанд, Саипов дар бозпурсӣ ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Поврежденный автомобиль на месте атаки в Нью-Йорке. 1 ноября 2017 года.
Поврежденный автомобиль на месте атаки в Нью-Йорке. 1 ноября 2017 года.

Дэвид Патон, вакили дифои Саипов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти вай дарди сангини ҷисмонӣ эҳсос мекунад ва мехоҳад, муолиҷа шавад.

Саипов бо мошини борбари кироя 31 октябр дар маркази Ню-Йорк чанд пиёдагардро пахш кард. Ҳашт одам кушта ва 12 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Атака в Нью-Йорке
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:33 0:00

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотии ИМА зодаи дигари Ӯзбекистон - Муҳаммадзоир Қодирови 32-соларо бозпурсӣ мекунанд.

Додситонҳо гуфтанд, аз телефони Саипов наздики сад видео ва қариб 3800 акс пайдо шудааст, ки бештарашон ба "Давлати исломӣ" рабт доранд. Саипов бо ҳадафи пешакӣ ҷашни Ҳэллоуниро интихоб кардааст, зеро "медонист, ки дар ин рӯз дар кӯча одамони зиёде равуо хоҳанд кард ва шумори бештари одамонро хоҳад кушт".

Баъди ин ҳамла президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки адолати додгоҳии "фаврӣ ва қатъӣ" ҷои эҳтиёткории сиёсиро бояд бигирад. Трамп даъват кард, барномаи маъруфи Green Card lottery, ки Саипов низ бо истифода аз он вориди ИМА шудааст, қатъ гардад.

XS
SM
MD
LG