Ин наврасон баъди он рӯйхат шуданд, ки соли равон дар Душанбе чандин ҳодисаи пурхушунату ҷанҷолҳои хиёбонӣ бо иштироки ноболиғон рух дода, дар натиҷаи яке аз онҳо ду ноболиғ аз дасти ҳамсолонашон кушта шуданд.
Тибқи таҳқиқҳо, маҳз “саркардаҳои душвортарбия”, ки аксарашон хонандагони синфҳои 8-11 ҳастанд, ҳамсолони худро ба занозанӣ бо дигар ҳамдарсҳояшон ташвиқ мекунанд.
Дар Тоҷикистон соли 2016 беш аз 5 ҳазор ҷиноят миёни ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар мулоқот бо фаъолони Душанбе аз мақомоти дахлдори кишвар хост, ки ба муноқишаҳои хунин миёни ҷавонон ва ноболиғон хотима дода шавад.
Як масъули шаҳрдории Душанбе 1 ноябр гуфт, аввали моҳи сентябри соли равон дар маҷлиси раиси шаҳр ин масъала матраҳ шуд ва ӯ супориш дод, то барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон корҳои ҷиддитар анҷом шавад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдор супориш додааст, то “зуҳуроти саркардаҳо” аз байн бурда шавад.
“Ҳоло ин хонандаҳо, ки осебпазир ҳастанд ва эҳтимоли эҷоди муноқишаро доранд, рӯйхат шуда, дар алоҳидагӣ бо онҳо ва хонаводаҳояшон корҳои фаҳмонадиҳӣ анҷом мешавад. Онҳо дар соатҳои берун аз дарс ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд. Он нирӯе, ки доранд, ба корҳои хуб сарф карда мешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, тайи 9 моҳи соли равон наздики 3 ҳазор хонандаи мактаб “кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ” содир кардаанд.