Ссылки доступа

Кремл гуфт, дар манъи тазоҳуротҳои Навалний даст надорад


Кремл мегӯяд, маъмурияти президенти Русия ба иҷозат ва манъи тазоҳуротҳо рабте надорад. "Он дар салоҳияти мо нест", - гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо телевизиони "Дожд".

Ӯ ин нуктаро дар шарҳи тасмими мухолифи рус Алексей Навалний барои ба додгоҳ кашидани президенти Русия Владимир Путин баён дошт. Навалний мегӯяд, мақомоти даҳҳо шаҳри Русия бо дастури Кремл ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо ҷонибдоронаш вохӯрад.

Алексей Навалний тасмим дорад, соли 2018 дар интихоботи президентии Русия номзадиашро пешниҳод кунад. Вай дар ҳоли ҳозир сафарҳои таблиғотиеро ба манотиқи гуногуни Русия анҷом медиҳад. Вале мақомоти бештари шаҳрҳои Русия ба мулоқотҳои ӯ бо интихобкунандагон иҷозат намедиҳанд.

Ихтиёрон ва кормандони ситоди Навалний зери фишори мақомот қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто таҳдид низ мешунаванд ва мавриди ҳамла ҳам қарор мегиранд. Мухолифи рус ба ин ҳама нигоҳ накарда, маъракаи пешазинтихоботии худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG