Ссылки доступа

Саипов гуфт, аз қатли 8 касу захмии 12 нафар пушаймон нест


Саипов в суде заявил, что не раскаивается и попросил повесить у него в палате флаг ИГИЛ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:14 0:00

Шаҳрванди Ӯзбекистон Сайфулло Саипови 29-сола, ки бо гумони анҷоми ҳамлаи террористӣ дар маркази шаҳри Ню-Йорк боздошт гашт, расман дар терроризм ва дастгирии молии созмони даҳшатафкан айбдор шуд.

Саипов 8 касро кушта, 12 тани дигарро захмӣ кард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки аз кардааш пушаймон нест ва мехост, "ҳар чӣ бештар" одам бикушад.

Ин ҳамлаи террористӣ 31 октябр рух дод. Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар робита ба он боздошт шудааст, гуфт, рӯзи Ҳеллоуинро барои ҳамла махсус интихоб кард, чун одатан дар ин рӯз кӯчаҳо пур аз одаманд.

Саипов мегӯяд, барои ҳамлаи мазкур ҳудуди як сол омодагӣ дидааст. Ӯ изҳор дошт, ки аз кардааш пушаймон нест ва баръакс мехост, бо мошин шумори бештари одамонро пахш карда, то ба пули Бруклин бирасад, вале ногаҳон ба автобус бархӯрд.

Теракт в Нью-Йорке: уроженец Узбекистана сбил на грузовике 8 человек
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:08 0:00

Гумонбар, ки дар додгоҳ дар аробачаи маъюбӣ менишаст, гуфт, баъди ҷарроҳӣ худро хуб ҳис мекунад. Ӯ аз ҳаққи зидди худ шоҳидӣ додан даст кашида, афзуд, ки тамошои як видеои марбут ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) ӯро ба ин амал ташвиқ кард. Саипов хост, дар утоқе, ки бистарӣ аст, парчами ДИ-ро овезанд.

Ин сокини шаҳри Тошканди Ӯзбекистон соли 2010 ба Амрико рафта, нахуст дар Флорида, Оҳайо ва ахиран дар шаҳри Паттерсони Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ мекард. Шиносҳояш ӯро на ҳамчун як тундрав, балки ҷавони хашмгини дорои мушкили иқтисодӣ тавсиф мекунанд.

Дар Тошканд Саиповҳоро як хонаводаи хубу ғайримазҳабӣ меноманд. Сайфулло пеш аз рафтан ба Амрико бахши молияи донишгоҳи Ӯзбекистонро хатм ва дар яке аз меҳмонсароҳои Тошканд ба ҳайси муҳосиб кор кардааст.

Нерелигиозная семья среднего класса – что известно о семье Сайфулло Саипова
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:21 0:00

Эҳтимол дорад, ӯ дар ИМА зери таъсири ақидаҳои ифротӣ қарор гирифтааст.

Пештар Бюрои федеролии тафтишоти ИМА хабар дод, ки дар робита ба теракти Ню-Йорк зодаи 34-солаи дигари Ӯзбекистон Муҳаммадзоир Қодировро ҷустуҷӯ дорад. Кормандони бюро дирӯз гуфтанд, ӯро ҳам боздошт карданд, вале аз додани иттилоъ дар борааш худдорӣ карданд.

Как жил исполнитель теракта в Нью-Йорке Сайфулло Саипов – репортаж из города Патерсон
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:00 0:00

XS
SM
MD
LG