Ссылки доступа

Тазоҳургарони қирғиз ба Қазоқистон то 5 ноябр муҳлат доданд


Дар назди сафорати Қазоқистон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 3 ноябр бо ташаббуси Конгресси ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ тазоҳурот баргузор шуд.

Ба гуфтаи раҳбари конгресс Турсунбек Акун, ин тазоҳурот бо дастгирии як қатор созмонҳои ғайридавлатии дигар баргузор шуда, ҳадафи он ҳалли мушкил "дар марзи Қирғизистону Қазоқистон - ду кишвари бародар" аст.

Иштирокдорони таҷаммуъ шиорҳои "Бояд дар бораи бурунрафт аз Иттиҳоиди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) андешид", "Ҳамаи мушкил аз пушти Бабанов оғоз шуд" ва "Марзи Қирғизистону Қазоқистон бояд боз бошад!"-ро дар даст доштанд.

Таҷаммуъгарон - ҳудуди 40 нафар гуфтанд, агар ҷониби Қазоқистон то 5 ноябр марзро боз ва талаботи ИИАО-ро иҷро накунад, онҳо аз президент Алмосбек Отамбоев бурунрафти Қирғизистонро аз ин иттиҳод талаб хоҳанд кард.

Ҳамчунин қайд карданд, ки агар Остона ҳамчун узви як қатор иттиҳодҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) уҳдадориҳои худро иҷро накунад ва ба тиҷорату равуои озоди сокинон монеа эҷод кунад, онҳо ба САҲА ва созмонҳои бонуфузи дигар муроҷиат хоҳанд кард.

Қазоқистон аз 10 октябр, дақиқтараш баъди интиқоди Отамбоев аз ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев санҷишро дар марз сахттар кард. Сарвазирони ду кишвар 18 октябр дар Остона ба созиш расиданд, ки убури мусофиронро тариқи марз аз 19 октябр осон хоҳанд кард. Вале мушкили убури мошинҳои боркаш то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

XS
SM
MD
LG