Ссылки доступа

Муовини президенти TA мушовири “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” шуд


Ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” муовини пешини президенти ширкати "Turkish Airlines" (TA) Орхан Сиврикаяро ба ҳайси мушовири рушди стратегии худ ба кор қабул кардааст. Дар ин бора сомонаи ширкат иттилоъ додааст.

Ба огаҳии ширкат, масъалаи ҷалби коршиноси турк ба ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар ҷараёни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев ба Туркия баррасӣ шудааст.

Орхан Сиврикаяи 50-сола доктори улуми технологӣ буда, ба ҳайси яке аз мудирони нирӯманд дар умури авиатсияи шаҳрвандӣ машҳур аст. Ӯ факултети муҳандисии саноатии Донишгоҳи Босфорро хатм ва дар Туркия, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар вазифаҳои баланд кор карда, худро ҳамчун як мутахассиси мудирият ва тарҳрезии масирҳои нави ҳавоӣ, бозорёбӣ ва идораи даромадҳо нишон додааст. То ин дам муовини президенти TA буд.

Сиврикая корро дар “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” 6 ноябр оғоз карда, вазифаи ӯ иштирок дар таҳияи стратегияи рушди ширкат, беҳсозии ҷадвал ва нақшаи парки ҳавопаймоҳо, бозорёбӣ, фурӯш ва ҳамчунин роҳандозии технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Ибтидои ҳафтаи равон Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки Содиқ Бадақ, мутахассиси турк мушовири раҳбари ин ниҳод таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG