Ссылки доступа

Дар баррасии парвандаи Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд


Алексей Улюкаев

Дар ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи вазири пешини рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд. Хабаргузориҳо менависанд, ҷониби айбдоркунанда тасмим дорад, пулҳоеро, ки бояд вазир ҳамчун пора қабул мекард, дар додгоҳ ҳозир кунад.

Ба навиштаи расонаҳо, пулҳо дар қуттии калон ва халтаи селофанӣ ҷой доштанд.

Моҳи октябр додситон дар додгоҳ навореро нишон дод, ки лаҳзаи эҳтимолии порагирии Улюкаевро сабт карда буд. Дар яке аз наворҳо дида мешуд, ки вазир чӣ гуна аз мошин берун мешавад ва халтаи дар паҳлӯи сарои "Роснефт" бударо мегирад.

Улюкаев моҳи ноябри соли гузашта дар коргоҳи "Роснефт" боздошт шуд. Ба иттилои тафтишот, мансабдори давлатӣ аз роҳбари ширкати мазкур Игор Сечин барои баҳои мусбат додан ба шартномаи хариди "Бушнефт" пора талаб кардааст. Вазири пешин ин айбҳоро рад мекунад. Улюкаев мегӯяд, боздошти вай иғвоангезии роҳбарияти "Роснефт" ва Хадамоти амнияти федеролӣ аст. Вазири пешин дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG