Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон тағйироти баҳсбарангезро ба қонун дар бораи расонаҳо қабул кард (видео)


Порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе воридоти тағйирот ба бархе аз қонунҳои марбути иттилоот ва иртибототро қабул кард. Тағйиротро дар порлумон вазири иттилоот ва иртибототи он кишвар Даврон Абаев муаррифӣ кард.

Вакилон пешниҳод карданд, ки муҳлати ниҳоии посухи мақомоти давлатӣ ба дархости расонаҳо кам карда шавад. Ба гуфаи вакилон, муқаррар кардани муҳлати 15-рӯза барои додани посух ба дархости расонаҳо аҳамияти хабарро гум мекунад.

Вазир дар посух гуфт, ки айни ҳол мақомоти давлатӣ дар муҳлати серӯзаи муқарраршуда фурсати кофӣ надоранд, ки ба дархостҳо посух диҳанд. "Ба ҳамин хотир мо таҷрибаи ҷаҳониро ба назар гирифта, 15 рӯз муқарар кардем, дар тамоми ҷаҳон муҳлат 20 рӯз ва баъзан то як моҳ аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҷо ҳеч мушкиле мавҷуд нест. Мо дар гуруҳҳои корӣ ин масъаларо баррасӣ кардем", - гуфт Абай. Ба гуфтаи вай, посух ба муроҷиати шаҳрвандон низ 15 рӯзро дар бар мегирад.

Бо ин вуҷуд, вазир гуфт, омадааст муҳлати 15-рӯзаи посух ба дархости расонаҳоро бозбинӣ ва баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG