Ссылки доступа

Алоқамандии Ӯзбекистон барои ҳамкориҳои зич бо САҲА


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 ноябр дабири кулли Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингерро, ки дар доираи як сафар вориди шаҳри Тошканд шуд, ба ҳузур пазируфт.

Мирзиёев дипломати швейтсариро ба муносибати ба ин мақоми масъулиятнок интихоб шуданаш табрик карда, алоқамандии кишварашро барои ҳамкориҳои фаъолтар бо САҲА баён дошт.

Дар Ӯзбекистон дабири кулли САҲА ҳамчунин дар конфронси байналмилалие ишторок хоҳад кард, ки қарор аст, дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад.

Гремингер ба гомҳои мунтазаму созандаи Ӯзбекистон дар роҳи тақвияти муносибатҳо бо ҳамсояҳои худ, аз ҷумла Афғонистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ кард, ки натиҷаҳои конфронси бесобиқаи Самарқанд, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод дар ин минтақаи стратегӣ мусоидат хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки САҲА ва намояндагии он дар Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва иқдомҳои санҷишӣ дар татбиқи ислоҳотҳои ҷорӣ дар ин кишвар омодааст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дигари марбут ба САҲА, аз ҷумла мушкилиҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG