Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ҷони одамон чизе таҳдид намекунад, вале замони рух додани садама бояд сокинонро ба минтақаи чанд километр дуртар интиқол медоданд.
Коршиносон бо такя ба маълумоти ҳавошиносӣ тахмин мезананд, ки абри радиоактивӣ эҳтимол дорад, аз куҳҳои Урали Русия омада бошад. Мақомоти Русия мегӯянд, аз рух додани садама дар иншооти ҳастаии худ хабар надоранд. Вале миёнаҳои моҳи октябр хабар доданд, ки Роспотребнадзор сатҳи радиатсияро дар вилоятҳои Свердлов ва Челябинск таҳлил дорад. Мақомоти қазоқ изҳороти донишмандони фаронсавиро то ҳол шарҳ надодаанд.
Сухан дар бораи рутения-106 меравад, ки асосан дар соҳаи тиб истифода мешавад. Коршиносон мегӯянд, ин садама дар реактори ҳастаӣ рух надодааст. Пештар дар Олмон хабар дода буданд, ки сатҳи изотоп дар ҳаво баланд шудааст.