Дар ин мизи гирд Зилолиев ба мухолифони тағйирот пешниҳод кард, ки ҳамроҳ ба кони Қумтор рафта, ба вазъи пиряхҳо баҳо диҳанд. Аммо фаъоли ҷамъиятӣ Амонбол Бобоқулов гуфт, агар ҳукумат нияти бекор кардани тағйиротро надошта бошад, ба кон рафтан маънӣ надорад. Фаъолони дигар бо Бобоқулов ҳамовоз шуданд ва баъди ин Зилолиев микрафонро хомӯш карда, аз онҳо хост, садо баланд накунанд.
Ноиб-сарвазир дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ба вай имкон надоданд, то изҳори назар кунад. "Мутаассифона, мизи гирд бо ҷангҷол ба поён расид. Ба мо имкон надоданд, ки суҳбат кунем. Суҳбати мутахассисро ҳам қатъ карданд. Вай мегуфт, обшавии табиии пиряхҳо зиёдтар мушоҳида мешавад", - гуфт Зилолиев. Ноиб-сарвазир афзуд, дар айни ҳол ҳамагӣ 20-30 дарсади пиряхҳои Давидов ва Лисий боқӣ мондааст.
Кумитаҳои масъули порлумони Қирғизистон 31 октябр тағйирот ба Кодекси обро қабул карданд. Амалан, ин тағйирот кандани пиряхҳои мазкурро қонунӣ мегардонад. Ташаббускори лоиҳа - ҳукумати Қирғизистон - мегӯяд, бо ҳадафҳои иқтисодӣ ин тасмимро рӯи даст гирифтааст.
Баҳсҳо атрофи кандани пиряхҳо аз соли 2014 идома доранд. Дар соли 2015 лоиҳаи қонун дар ду хониш қабул, аммо зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бархе аз вакилон бозхонд шуд.