Ссылки доступа

Хонаи генерали зиндонии тоҷикро боғчаи кӯдакон карданд (видео)


Девори нимгектарии манзили боҳашамати генерал Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, дар маркази шаҳри Кӯлоб тахриб шуда, қарор аст, дар ҷойи он панҷара насб гардад. Худи бино ба боғчаи кӯдакон табдил ёфтааст.

Генерали собиқ аз соли 2004 ба ин тараф пушти панҷараи зиндон аст ва манзили бошукӯҳи ӯ баъд аз мусодира ба ихтиёри давлат гузашт. Додгоҳи олӣ генерал Мирзоевро соли 2006 бо иттиҳоми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ ва ҷурмҳои дигар ба ҳабси абад маҳкум кард ва ин манзилу дороиҳои дигари ӯро мусодира намуд.

Дар оғоз маъмурияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб қасд дошт, ин манзили воқеъ дар маркази шаҳрро, ки дар ҳудуди ним гектар замин ҷойгир аст, ба китобхонаи электронӣ табдил диҳад. Аммо соле пеш тасмим дигар шуд.

Дом "Гаффора Седого" превратился в детский сад
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:01 0:00

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 10-уми ноябр гуфтанд, хонаи собиқи Ғаффор Мирзоевро таъмир кардаанд ва ин бино ба боғчаи бачагона табдил шудааст. Як масъули донишгоҳ гуфт, “ин бино барои фаъолият пурра омода шудааст. Деворҳои атрофи биноро чаппа кардаанд ва акнун дар ҷои онҳо панҷара насб хоҳад шуд”, - гуфтанд аз донишгоҳи Кӯлоб.

Файзиддин Зарифӣ, як сокини 60-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди ҷанги дохилӣ Ғаффор Мирзоев ин маконро аз худ кард ва манзилашро дар иҳотаи деворҳои баланд панаҳ намуд.

Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Бародари ӯ – Абдурасул Мирзоев ва писару домоди хоҳараш Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

XS
SM
MD
LG