Ссылки доступа

Латукӯби ду марзбони тоҷик аз тарафи се бародар (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Латукӯби ду марзбони тоҷик аз тарафи се бародар. Додситонии низомии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи ҷиноии се бародарро идома медиҳад, ки ба латукӯби ду марзбони тоҷик муттаҳам мешаванд (видео)

- Дар Хуросон як занро дар утоқи мудири мактаб куштаанд. Додгоҳи ноҳияи Хуросон дар ҷануби Тоҷикистон як сокини ин ноҳияро барои қатли ҳамсари собиқаш дар дохили мактаб ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст (видео)

- Чаро роҳҳои Тоҷикистон зуд вайрон мешаванд? Роҳсозони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар як нишаст дар шаҳри Душанбе хостанд, ки сохтмон ва таҷдиди роҳҳо ҷиддӣ назорат шавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои ахир барои сохтмон ва азнавсозии роҳҳои кишвар ҳазорҳо доллар харҷ кардаанд, аммо бархе аз ронандаҳо аз ноҳамворӣ ва вайронии роҳҳо шикоят доранд (видео)

- Хонаи “Ғаффор Седой” боғчаи кӯдакон шуд. Девори нимгектарии манзили боҳашамати генерал Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, дар маркази шаҳри Кӯлоб тахриб шуда, қарор аст, дар ҷойи он панҷара насб гардад. Худи бино ба боғчаи кӯдакон табдил ёфтааст (видео)

- Афсарони амрикоӣ ба ҳамтоҳои тоҷикашон дарс медиҳанд. (видео)

- Сокинон дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон: "Дар оила бояд муноқиша набошад". (видео)

- Маҳбаси боҳашамат барои шоҳзодаҳои араб. Хабаргузории Рейтерс иттилоъ медиҳад, ки зоҳиран арбобу ашрофи боздоштшудаи саудӣ дар мемонсаройи Ритз Карлтони шаҳри Риёз ҷой дода шудаанд. (видео)

- Бозии онлайнӣ ошкор кардани сомонаҳои сохта ва хабарҳои воқеан дуруғро меомӯзонад​. (видео)

- Аввал санади Ҳепатит, баъд – табобат дар Тоҷикистон. Талаби ҳатмии маълумотнома дар бораи бемории Ҳепатит дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, бахусус дандопизишкиҳо, боис ба нигаронии баъзе беморон шудааст (видео)​

- Дар зиндони Ӯзбекистон барои адои намоз дар узвҳои таносулии мардон оби ҷӯш пошидаанд (видео)​

- Чаро Умаров баъди ишғоли Қрим ҳам сари қудрат монд? Суҳбати ихтисосӣ. (видео)

- Қирғизи Помир: дар манзили нав туй баргузор мекунам (видео аз Директ)

- Трамп ва самурайҳои ҷопонӣ. Доналд Трамп дар ҷараёни сафари расмияш ба Ҷопон ҳайрон шуд, ки чаро "кишвари самурайҳо" мушакҳои Куриёи Шимолиро ҳадаф қарор намедиҳанд. (видео аз Директ)

- Чи гуна кӯдакони тоҷик дар чанд сония даҳҳо шумораи серақамаро ҷамъу тарҳ мекунанд. (видеои Настоящее время)

- «Парвандаи Биҳишт»: нақшаи ғайриоддӣ барои намирандаҳо. Сиёсатмадорон ва шахсони сарватманд дар минтақаҳои офшорӣ беш аз 30 триллион долларро нигаҳ медоранд. Ин як нақшаи комилан қонунии фирор аз пардохти андоз аст. (видео аз Директ)

- Вакили Думаи давлатӣ дар бораи минтақаҳои Русия: "Дар онҷо фақр ҳукмфармост"​. (видеои Настоящее время)

- Шояд, маҳз ҳамин ихтироъ уқёнуси ҷаҳониро аз ифлосшавӣ нигаҳ дорад. (видеои Настоящее время)

- Ҳукумати Қазоқистон мехоҳад, барои сомонаи тарҷумаи лотинӣ 170 ҳазор доллар харҷ кунад. Аммо чунин сомона аллакай вуҷуд дорад (видео аз Директ)

- Бинои Донишкадаи Аврупо дар Петербург ба кӣ лозим шуд? (видеои Настоящее время)

- Чаро Собчак аз Путин розист? Ксения Собчак идеяҳои киро баён медорад - аз худаш ё Кремлро? (видео аз Директ)​

- Пулис ва айбдоршаванда: ду худкушӣ (видеои Настоящее время)​

- Нахустнамоиши филмҳои Ҳолливуд: "Ғизои шом", "Кори далерон" ва "Шаби торик". (видео аз Директ)

- "Перм-36": Осорхонаи охирин зиндонҳои сиёсии СССР. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG