Ссылки доступа

Шумори қурбониёни заминларзаи Эрон аз 300 нафар гузашт (аксу видео)


Шумори қурбониёни заминларзаи Эрон ба беш аз 300 нафар расида, дасти кам 2,5 ҳазор одами дигар осеб дидаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимоли афзоиши ин рақамҳо вуҷуд дорад.

Хадамоти тиббӣ-судии Эрон ҳалокати 328 одамро дар натиҷаи заминларзаи мазкур тасдиқ кард. Бештари ҷонбохтаҳо аз шаҳри Сарпули Заҳаби вилояти Кирмоншоҳи Эронанд.

Ба ҳисоби яке аз созмонҳои башардӯстонаи Эрон, дар натиҷаи заминларза 70 ҳазор одам бехун мондаанд. Дар бархе аз минтақаҳои аҳолинишин нирӯи барқ ва хати тамос қатъ шудааст.

Корҳои наҷотдиҳӣ танҳо субҳи рӯзи душанбе оғоз шуда, дар он низомиён низ иштрок доранд. Раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ се рӯз мотам эълом кардааст.

Заминларза бо иқтидори 7,3 бал дар Курдистони Ироқ, ҳаммарз бо Эрон рух дода, мавҷи он ҳамчунин дар Туркия, Исроил ва Кувайт низ эҳсос шудааст.

- Аксҳо аз маҳалли ҳодиса

XS
SM
MD
LG