Эрдуғон изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ҳоли ҳозир, Туркия ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад, вале хост, маҳдудиятҳои ахир дар тиҷорати дуҷонибаи кишварҳо бекор карда шаванд.
Владимир Путин баъди дидор бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон гуфт, ки Москва ва Анқара нахустин чархаи нирӯгоҳи ҳастаии "Аккую"-ро соли 2023 ба кор медароранд. Ба гуфтаи Путин, ширкати давлатии "Росатом"-и Русия рӯзҳои наздик корро дар майдони "Аккую" оғоз хоҳад кард.
Путин пеш аз мулоқот бо Эрдуғон изҳор дошт, ки муносибатҳои Русияву Туркияро метавон пурра барқароршуда номид. Ӯ афзуд, ки агар ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар дар соли гузашта 30% поин рафта бошад, тайи 9 моҳи соли равон 38% афзоиш ёфтааст. Путин гуфт, Русия ва Туркия ҳамкориҳои зичро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла амният ва ҳалли низои Сурия идома хоҳанд дод.
Президенти Туркия баъди изҳороти муштараки раҳбарони ИМА ва Русия -- Владимир Путин ва Доналд Трамп, ки гуфтанд, низои Сурия роҳҳали низомӣ надорад, ба Москва ва Вашингтон пешниҳод кард, ки низомиёни худро аз ин кишвар берун баранд. Ин пешниҳодро Эрдуғон рӯзи душанбе, пеш аз парвоз ба Русия кард.
Муносибатҳои Анқараву Москва баъди он ки нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои низомии Русияро моҳи ноябри соли 2015 дар наздикии марзи Сурия сарнагун сохтанд, бад шуд. Вале Путину Эрдуғон барои барқарории муносибатҳо талош карданд. Онҳо ҳамроҳ бо Эрон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон силсилаи гуфтугӯҳои сулҳи Сурияро баргузор карданд. Эрдуғон пеш аз сафараш ба Сочӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, "Путин дӯсти ман аст".