Дар мактубаш Бабанов навишт, ки "фаъолияти ҳизби "Республика" ва ҷиноҳи порлумонии "Республика - Ата-Журт" барои амалишавии лоиҳаҳои қонунҳо ва тағйироти сиёсати иҷтимоиву-иқтисодӣ бояд муназзам ба роҳ монда шавад". Вай барканоршавиашро аз курсии раисӣ ба ҳамин рабт додааст.
Раиси ҷиноҳи "Республика - Ата-Журт" Омурбек Бабанов дар интихоботи президентӣ ширкат ва ҷойи дувумро касб кард.
Дар маъракаи пешазинтихоботӣ Омурбек Бабанов бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард. Ин мулоқот ҳамчун дахолат ба корҳои дохилии кишвар унвон шуд ва миёни Остонаву Бишкек сардӣ сар зад. Баъди он дар Интернет пораи наворе аз мулоқоти Бабанов бо сокинони ӯзбектабори шаҳраки "Амир-Тимур" нашр шуд. Суханронии Бабанов аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон ҳамчун иғво баҳо дода шуд. Шаҳрвандон талаб карданд, ки вай ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.
4 ноябр додситонии кулли Қирғизистон нисбати Бабанов бо моддаи "Даъвати оммавии тағйир додани сохти конститутсионӣ бо роҳи зурӣ", "Барангехтани хусумати миллӣ, нажодӣ ва динӣ" парванда боз кард.
Омурбек Бабанов ҳоло дар хориҷ ҳузур дорад.