Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон навбатпоӣ идома дорад


Дар марзи Қазоқистону Қирғизистон навбатпоӣ идома дорад. Дар ин бора хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои сухангӯи ин хадамот Салкин Абдикариева, дар гузаргоҳи "Оқ жол" навбатпоии сокинон мушоҳида намешавад, аммо наздики 50 мошин дар навбат истодааст. Дар гузаргоҳҳои дигар, аз ҷумла "Оқ-Тилек" ва "Чон капка" мутаносибан 300 ва 184 мошини боркаш навбатпоӣ мекунанд.

"Ҷониби Қазоқистон ҳар соат то панҷ мошинро иҷозаи убур медиҳад. Аммо навбатпоии одамон, тавре ки пештар буд, ҳоло мушоҳида намешавад", - хабар медиҳад сухангӯи ниҳоди мазкур.

Ба гуфтаи Абдикариева, дар гузаргоҳҳои "Чолдовар", "Кенбулун" ва "Токмок" вазъ муътадил аст, навбатпоӣ мушоҳида намешавад.

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марзиро шадид кард, ки ин боиси сар задани навбатпоиҳои тӯлонӣ шуд. Дар ибтидо Остона мегуфт, шиддат гирифтнаи назорати марзӣ ба интихоботи президентӣ рабт дорад. Аммо баъдтар мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оморе, ки ҷониби Қирғизистон дар робита ба доду гирифташ бо Чин пешниҳод мекунад, бо омори пешниҳодии Чин фарқ дорад. Ҳукумати Қирғизистон ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG